Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳе дар вилояти Намангони Узбакистон сайёди тоҷик аз ноҳияи Аштро ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст.

Сайёди тоҷик, Ҳамзаалӣ Хидиров, ки ӯро шаш моҳи пеш низомиёни узбак дар маҳалли зисташ - деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт - дастгир карда ва ба қаламрави Узбакистон бурда буданд, ба шаш соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин бора рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ яке аз пайвандони ӯ - Иқбол Нуриддинов хабар дод. Вай гуфт, хонадони Хидиров аз додгоҳи ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон барқия гирифта ва дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии "сайёди рабудашудаи тоҷик" иштирок кардаанд, аммо барои раҳоии ӯ натавонистаанд коре анҷом бидиҳанд.
Ҷаноби Нуриддинов мегӯяд, додгоҳ Ҳамзаалӣ Хидировро ба марзшиканӣ муҷрим шинохтааст.

Дар ҳоле ки сайёди тоҷик дар додгоҳи Намангон гуфтааст, ӯ ҳадаф надошт марзи Узбакистонро убур кунад ва ин корро ҳам накардааст. Аммо додгоҳ инро ба эътибор нагирифтааст. Наздиконаш ҳам нақл мекунанд, ки Ҳамзаалӣ Хидиров бо силоҳи шикории худ дар қаламрави Тоҷикистон ба сайёдӣ машғул буд ва эҳтимол дар ҷараёни шикор ба хоки вилояти Намангон дохил шуда ва сарҳадбонони узбак аз ин бохабар шуда бошанд.

Ба қавли онҳо, рӯзи 23-юми декабри соли гузашта (2011) гурӯҳи низомиёни узбак, ки ба он афсарони марзбонӣ низ шомил буданд, Хидировро дар манзили зисташ, деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт боздошт кардаанд. Ҳамчунин, низомиёни кишвари ҳамсоя манзили ӯро ҷустуҷӯ намуда, як силоҳи шикориро мусодира кардаанд, ки ба як шикорчӣ - шаҳрванди Узбакистон тааллуқ доштааст. Иқбол Нуридинов мегӯяд, "марзбонони Узбакистон Ҳамзаалиро дар хонаи худаш дастгир карданд, аммо ӯро ба марзшиканӣ муттаҳам карданд. Силоҳи шикориашро ҳам кашида гирифтанд."

Ҷаноби Нуриддинов дар идома гуфт, дар баробари Ҳамазалӣ як дӯсти сайёдаш аз Узбакистон - Бароталӣ ҳам боздлошт шуда ва маълум нест, ки чӣ ҳукме гирифта бошад.

Деҳаи наздимарзии Сарваки ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашти Тоҷикистон аз чаҳор сӯ дар иҳотаи ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон воқеъ аст. Соли гузашта марзбонҳои узбак дар сари ягона роҳи нақлиётии ин маҳал сад гузоштанд ва ин амал равуои сокинонро ба маркази ноҳияи Ашт ва вилояти Суғд сангин гардонд. Онҳо барои ин ночор ҳудуди 50 километр роҳи хароби кӯҳистонро тай карда ва маводи ғизоиро бо душворӣ ба деҳаи худ мебурданд.

Дар пайи талошҳо, моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти марзбонии Тоҷикистону Узбакистон дар Бекобод, ҳаммарз бо ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, мулоқот ва дар мавриди содда кардани равуои сокинони анклавҳо (ҷазираҳои марзӣ) аз гузаргоҳҳои марзӣ созиш карданд. Ин аст, ки Узбакистон роҳи сокинони ду деҳаи наздимарзии Тоҷикистон, Равот дар ноҳияи Конибодом ва Сарвак дар Аштро боз кард. Дар посух ҷониби Тоҷикистон низ равуои шаҳрвандони узбактабори сокини маҳалҳои наздимарзии Платина ва Горний дар ноҳияи Спитаменро ба ноҳияи Бекободи Узбакистон содда гардонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG