Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти амниятии тоҷик як гурӯҳи чанднафараро ба гумони фурӯши дипломҳои тақаллубии макотиби олии кишвар, боздошт кардаанд.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, гурӯҳи мазкур иборат аз 5 нафар бо шумули 2 зан, тӯли солҳои зиёд ба таҳия ва фурӯши ҳуҷаттҳои тақаллубӣ, аз ҷумла дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон машғул будаанд.

Гуфта мешавад дар чанд соли ахир боздошти гурӯҳи муташаккил, ки дар чунин навъи қонуншиканӣ даст доштаанд, нахустин бор будааст. Ин гурӯҳ аз соли 1990 то ба имрӯз беш аз 100 дипломи тақаллубиро таҳия ва ба шаҳрвандони алоҳидаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Узбакистон ва Русия ба маблағи аз 300 то 800 доллар пешниҳод кардаанд.

Аз ҷумла муайян карда шудааст, ки бо мусоидати ҳамин гурӯҳ 10 шаҳрванди Узбакистон, 3 шаҳрванди Эрон, 2 шаҳрванди Русия ва 1 сокини Афғонистон дипломҳои қалбакиро соҳиб шуда, беш аз 50 нафар аз сокинони Тоҷикистон тариқи ин ҳуҷҷатҳо дар идораҳои мухталифи давлатӣ ва корхонаҳои хусусӣ соҳиби ҷойи кор гардидаанд.

Нозирҷон Бӯриев афзуд, ҳангоми тафтиши манзилҳои ин боздоштшудагон, далелҳои шайъӣ, яъне таҷҳизоти омода кардани асноди қалбакӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои компютерӣ, принтерҳои ранга, матоъи чармӣ барои муқоваи дипломҳо ва тарҳи ҳуҷҷатҳои омодашаванда дарёфт карда шудааст.

Ба таъкиди сухангӯи ин ниҳод, ҳар узви ин гурӯҳ аз рӯи нақшаи мушаххас амал мекардааст. Аз ҷумла се нафар ба ҳайси миёнрав дар пайдо кардани муштариён, як нафар барои таҳияи муқова ва замимаи дипломҳо, дигаре барои пур кардани дипломҳо машғул будаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG