Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Гровер аз бемористонҳои рӯҳии Суғд


Ананд Гровер

Ананд Гровер

Ананд Гровер ҳангоми сафараш ба Суғд аз бемористонҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва сил дар Хуҷанд боздид намуд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, ки Ананд Гроверро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекард, гуфт, гузоришгари махсуси Созмони Милал "дар анҷом аз ҷараёни сафараш изҳори қаноатмандӣ карда ва дар бораи фароҳам кардани имкониятҳо барои солимии ҷисмониву рӯҳии сокинон баъзе тавсияҳои худро баён дошт."

Қарор буд, дар ҷараёни сафараш ба шимоли Тоҷикистон ҷаноби Гровер аз ягон муассисаи ислоҳии Хуҷанд низ боздид кунад, аммо барномаи кории ӯ танҳо ба боздид аз бемористони рӯҳӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сил дар Хуҷанд имкон додааст.

Солҳои охир мутахассисон мавзӯи ҷилавгирӣ аз афзоиши бемориҳои таносул ва сил дар бархе аз зиндонҳои Суғд ва фароҳам кардани шароит барои дастрасии беҳтари зиндониён ба хадамоти тиббиро бештар матраҳ мекунанд. Ҳанӯз миёнаҳои соли гузашта Маркази мубориза бо бемории Вич-СПИД дар Хуҷанд ҳазор маҳбуси ду зиндони ин шаҳрро ташхис намуда, дар ҷисми 55 нафари онҳо ангезандаи бемории мазкурро ошкор карда буд.

Ин кор бо дархости раҳбарияти муассисаҳои ислоҳии Суғд ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши бемории норасоии масунияти бадан миёни маҳбусон роҳандозӣ шуда буд.

Сафари якрӯзаи Ананд Гровер ҳам ба вилояти Суғд дар ҳоле сурат гирифт, ки бемористонҳои вилоятии бемории рӯҳӣ дар Хуҷанд ва бемории сил дар мавзеи Деҳмойи канори Хуҷанд мавриди тармиму тармими куллӣ қарор дорад.

Ин гузоришгари махсуси СММ рӯзи 24-уми май бо як сафари кории панҷрӯза вориди Тоҷикистон шуда, дар ҷараёни сафараш бо вазъи дастрасии ҳар сокини кишвар ба хадамоти тиббӣ, тадбирҳои ҳукумат дар беҳбуди ин самт ва такмили қонунгузории кишвар ошно шудааст. Сипас, гузорише дар ин бора дар ихитёри ҳукумати Тоҷикистон ва баъд аз дарёфти хулосаҳои ҷониби Тоҷикистон онро ба Созмони Милал пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG