Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Эрон об медиҳад ва аз Эрон барқ мегирад


Тоҷикистон мегӯяд, пешниҳоди Эрон барои интиқоли 1 миллиард метри мукааб об ба ин кишвар дар ҳоли баррасист.

Вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯ, дар нишасти Кумиссюни муштараки иқтисодии Тоҷикистону Эрон рӯзи 27-уми май гуфтааст, ҳаҷми умумии обе, ки Душанбе ба Теҳрон доданист, мумкин тағйир ёбад, аммо аз адади номбаршуда (1 миллиард метри мукааб) камтар нахоҳад буд. Дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ мекунанд, ки ниҳоят об ба яке аз молҳои содиротии ин кишвар табдил меёбад.

Дар ҳамин ҳол, ба гузориши Садо ва Симои Эрон, Маҷиди Номҷӯ ҳамчунин гуфтааст, ҷумҳурии исломӣ дар фасли зимистон ҳудуди 500 мегават барқ ба Тоҷикистон содир хоҳад кард. Ҷаноби Номҷӯ, ки рӯзи якшанбе пас аз оғози нӯҳумин нишасти муштараки ҳамкориҳои фаннӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон сӯҳбат мекард, гуфт: "Дар тавофуқномаи муштарак бо Тоҷикистон, дар сурати иҷрои тарҳи хатти интиқол, барқи изофии Эрон дар фасли зимистон ниёзи мардуми Тоҷикистонро таъмин мекунад ва дар фасли тобистон низ метавон аз барқи ин кишвар барои таъмини ниёзи Эрон истифода кард."

Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки метавонад, оби изофияшро ба хориҷ содир кунад, аммо Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки тақозои истифода аз оби Тоҷикистонро кардааст. Султон Раҳимов, муовини аввали вазири обу обёрии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳс акнун сари роҳҳои интиқоли оби Тоҷикистон ба Эрон аст: "Ҳамин хел пешниҳодҳо аз тарафи Эрон ироа шудааст, аммо бо чӣ роҳе Эрон оби Тоҷикистонро бигирад ва бо чӣ миқдор, ҳамаи ин масъалаҳо мавриди омӯзиш қарор дорад."

Дар ҳамоиши Теҳрон вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯ, гуфтааст, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон қарор кардаанд, як долони муштараки об ва барқро ҳам бунёд кунанд. Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар мулоқоти раҳбарони се кишвар гуфта шуд, Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аҳдномаеро дар бораи сохтмони роҳи оҳан, хатти интиқоли барқ ва лӯлаҳои об, газ ва нафт имзо карданд. Бино бар он, ҳамаи ин хатҳо паҳлуи ҳам ва дар як масир сохта хоҳад шуд. Афғонистон на танҳо кишвари транзитӣ хоҳад буд, балки аз “долони муштарак” барои рафъи ниёзҳояш истифода хоҳад кард.

Амирҳамза Саҳроӣ, масъули бахши иқтисодии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, лӯлаи оби Тоҷикистон аз қаламравҳои шимолии Афғонистон ба Эрон ва лӯлаи гази Эрон аз ҳамин қаламрав ба Тоҷикистон хоҳад расид.

Масъалаи манбаи об барои Эрон низ муайян шудааст. Гуфта мешавад, як миллиард метри мукааб оби рӯди Панҷ метавонад, бидуни зарар ба ҳамсоягон ба самти Эрон фиристода шавад. Аммо масъалаи сармоягузорӣ ба ин тарҳ ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Бо назардошти таҳримҳои зидди Эрон гумон аст, ниҳодҳои байнулмилалӣ ва ширкатҳои бузург ба ин тарҳ шомил шаванд. Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи мазкур ҳанӯз дар марҳилаи аввал, яъне таҳқиқи коршиносон қарор дорад ва шояд дар оянда байнулмилалӣ гардад.

Ӯ афзуд, "агар як тарҳи чандбахшӣ дар ин замина дуруст бишавад, яъне аз Тоҷикистон об бибаранд ва аз он тараф маводи сӯхт ё газ биёранд, ин имконпазир хоҳад шуд. Агар дар ин роҳ Афғонистон пайваст бишавад ва баъдтар ин лӯла то халиҷ роҳ ёбад ва кишварҳои каронаи он баҳрабардорӣ кунанд, имкони амалӣ шудани он боз беҳтар хоҳад буд. Вале агар танҳо лӯлаи обро бибаранд, ин сармояи ҳангуфтро талаб хоҳад кард."

Масъалаи дигаре, ки метавонад, монеа эҷод кунад, бархӯрди кишварҳои поёноб -- Узбакистону Туркманистону Қазоқистон ба ин тарҳ хоҳад буд. Ба ақидаи Мурод Аминҷонов, коршинони масоили оби Тоҷикистон, мушкил ин ҷост, ки ҳанӯз мушаххас нашудааст, чанд дарсади ин захоири об аз талаботи худи Тоҷикистон ва кишварҳои поёноб зиёдӣ аст. Биноан, ба Тоҷикистон зарур хоҳад омад, қабл аз он ки ба Эрон об бидиҳад, масъаларо бо кишварҳои ҳамсояи худ музокира кунад: "Бо панҷ давлати Осиёи Марказӣ бояд мувофиқа шавад. Ҳоло Туркманистону Узбакистон ҷангҷол мекунанд, намегузоранд, ки оби худамонро захира кунем. Чӣ хел як миллиард метри мукааб обро медиҳем? Маҷбур мешавем, оби худамонро ба Эрон диҳем. Лекин агар мо ин корро кунем, ними водии Вахш беоб мемонад."

Анвар Камолиддинов, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи обу мелиоратсияи Тоҷикистон, роҷеъ ба ин масъала мегӯяд, нақшаи мазкур аз ҳар ҷиҳат барои Тоҷикистон манфиатбахш хоҳад буд. Аз як тараф роҳи содироти об ба хориҷ боз мешавад ва дувум гази арзони Эрон ба Тоҷикистон ворид мегардад. Аммо ба қавли ӯ, татбиқи ин тарҳ шояд барои як даҳсолаи дигар тӯл кашад, зеро ҳалли ҳар яке аз ин масъалаҳо, аз ҳамоҳангӣ бо ҳамсоягон гирифта, то сармоягузорӣ ва бунёди “долон”, чандин солро фаро хоҳад гирифт.

Аз сӯе ҳам иҷрои тарҳ ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014-ум бастагӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG