Пайвандҳои дастрасӣ

Дар толори "Гӯшаи амрикоӣ"-и шаҳри Хуҷанд озмуни беҳтарин суруд ба забони англисӣ миёни ҷавонон ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни суруди англисӣ ҳудуди 15 ҷавон аз тамоми вилояти Суғд сурудҳои писандидаи худро ба забони англисӣ барои ҳозирон тақдим карданд.

Нозанин Комилова, ки суруди "My heart will go on" аз филми маъруфи "Титаник"- ро тақдим кард, хонандаи синфи нӯҳуми яке аз мактабҳои Шаҳристон аст. Нозанин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин суруд, ки дар бораи розу ниёзи ҷавонони дилбохтаи ноком аст, бештар писанди дилам аст, барои ҳамин онро сароидам. Ҳамсинфону муаллимонам мегӯянд, ки ту сурудхониро дӯст медорӣ, оянда ҳофизи сурудхон шав. Аммо ман орзуи журналист шуданро дорам."

Нозанин ба тоҷикӣ ҳам тарона мехонад ва бештар сароидани сурудҳои "Шашмақом"-ро меписандад.

Ба гуфтаи Никол Байер, раҳбари бахши иттилоотии сафорати Амрико дар Душанбе, чунин озмуни сурудхониро шаш "Гӯшаи амрикоӣ" дар манотиқи Тоҷикистон миёни ҷавонони аз 16 то 25-сола баргузор менамоянд. Вай афзуд, шарти аслии озмун сароидан суруди худ ба забони англисӣ ва ё суруди овозхонону оҳангсозони амрикоӣ аст. Аз ҳар минтақа ба гуфтаи хонум Никол, як нафар баранда дар озмуни минтақаӣ, ба даври ниҳоии озмун, ки дар Душанбе баргузор мегардад, роҳ меёбад.

Дар Хуҷанд Парвиз Юсуфов, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо суруде аз овозхони амрикоӣ Адел - "Someone like you" барандаи ҷойи аввал шуд. Парвиз мегӯяд, Аврила Вин ва сурудҳои англисии бо сабки нави "роки алтернатив"-ро хуш дорад: "Забони англисиамро бештар тавассути суруд такмил кардам. Сурудҳои писандидаамро гӯш мекардаму маънои калимаҳои нофаҳморо аз луғат ҷустуҷӯ мекардам. Вақте суруд мехонам, дӯстону ҳамсабақонам аз ман хонандаи он ва маъниашро мепурсанд ва мебинам, ки дар онҳо ҳаваси омӯхтани забони англисӣ пайдо мешавад. Инчунин, бо сурудхонӣ ба худам дӯстони наве пайдо кардам, онҳое, ки мухлиси сурудҳои англисӣ ҳастанд."

Парвиз мегӯяд, овозхони касбӣ шуданӣ нест, балки мехоҳад мутахассиси соҳаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ шавад: "Барои дили худ, дӯстон, рафиқонам, барои ҳама мехонам ва ҳадаф нагузоштаам, ки ҳатман овозхон хоҳам шуд. Лекин чаро бахтамро насанҷам?.."

Ба гуфтаи Парвиз, миёни ҷавонони тоҷик мухлисони сурудҳои англисӣ зиёданд ва дар ҳоли афзоиш аст. Мадина Пӯлодова, масъули "Гӯшаи амрикоӣ" дар Хуҷанд, мегӯяд, баргузор кардани озмуни суруди англисӣ миёни ҷавонони тоҷик ба хотири шиносоиву тарғиби забону фарҳанги ҳамдигар, густариш ва таҳкими муносибатҳои байни мардумони тоҷику амрикоӣ тавассути суруд аст.

Дар зимн, аз миёни ҷавононе, ки дар толори "Гӯшаи амрикоӣ" дар китобхонаи марказии Хуҷанд сурудҳои англисӣ сароиданд, нафаре ҳофизи касбӣ набуд ва танҳо дилбохтагӣ ба мусиқӣ ва таронаҳои англисӣ онҳоро ба ҳам оварда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG