Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нахли тилоӣ"-и Канн ба "Ишқ"-и Ҳанеке дода шуд


Ҳанеке бо "Нахли тилоӣ"-и Канн
Ҳанеке бо "Нахли тилоӣ"-и Канн
"Love", ё “Ишқ”- достони як марди порисӣ, ки ҳамсари наздик ба маргашро нигоҳубин мекунад, барандаи “Нахли тилоӣ”, ҷоизаи асосии ҷашнвораи Канн шуд. Ин дувумин “Нахли тилоӣ”-и коргардони австриягӣ Михаэл Ҳанеке мебошад. Шоҳҷоизаи Канн имсол ба "Reality" (“Воқеъият”) ном мазҳакаи коргардони итолиёӣ Маттео Гарроне супурда шуд. Кен Лач барои "The Angels' Share", ки низ филми мазҳакаист, соҳиби ҷои севум шуд. Мадс Миккелсен аз Дания барои иҷрои нақш дар филми “Шикор” беҳтарин ҳунарпешаи мард ва Кристина Флутур ва Космина Стратан аз Руминия барои филми “Дар пушти теппаҳо” беҳтарин ҳунарпешаҳои зан шинохта шуданд.
XS
SM
MD
LG