Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният куштори Ҳулоро шадидан маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ давлати Сурияро “бо лаҳни ҳаддалимкон шадидтарин” барои куштори мардуми Ҳуло маҳкум кард. Қарори 15 узви ин Шӯро мегӯяд, ҳамлаҳои пурқурбонӣ “силсилаи тирборони минтақаи аҳолинишин аз сӯи тӯпу тонкҳоро дар бар мегирифт.”
Шӯрои Амният аз раисиҷумҳури Сурия Башор асад тақозо кард, то силоҳҳои сақилро аз шаҳрҳо берун бикашад.
Раҳбари ҳайъати нозирони СММ дар Сурия генерали норвегӣ Роберт Муд тавассути тамоси видеоӣ аз Димишқ ба Шӯрои Амният гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 25 май дар Ҳуло 108 нафар кушта ва 300 тан захмӣ шудаанд. Давлати Сурия “террористҳо”-ро масъули ин хунрезӣ меномад.
XS
SM
MD
LG