Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷоизаи филми Фарҳод Абдуллоев дар Чебоксарӣ


Фарҳод Абдуллоев
Фарҳод Абдуллоев
Рамил Азимов барои беҳтарин иҷрои нақши мардона дар филми муштараки Тоҷикистону Русия «Презумпсияи ризоият» соҳиби ҷоизаи ҷашнвораи байналмилалӣ дар Чебоксарии Русия шуд. Ин филми коргардон Фарҳод Абдуллоев дар ин ҷашнвора ҷоизаи вижаи раҳбари Ҷумҳурии Чувашистон барои инъикоси мавзӯъи ватандӯстӣ дар синаморо ба даст овард. Аммо аз байни 11 филми сохти Русияву Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон, Лаҳистону Финландия ва Шветсия шоҳҷоизаи ҷашнвораи панҷуми Чебоксарӣ насиби филми «Сибир. Монамур»-и коргардон Вячеслав Росс шуд.
XS
SM
MD
LG