Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи табдили номҳои "шӯравӣ"-и кӯчаҳои Душанбе


Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо имзои чанд қарор номи чанд кӯчаи пойтахти Тоҷикистонро, ки аз даврони Шӯравӣ мерос монда буд, иваз кардааст. Ҳамин тавр, кӯчаи Пионерская дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи овозхони фақид Ҳанифа Мавлонова, кӯчаи Привокзалная дар ноҳияи Шоҳмансур ба номи шоири маъруф Қутбӣ Киром ва кӯчаи 9 январ дар ноҳияи Сино ба номи шоири дигари тоҷик Сафармуҳаммад Айюбӣ гузошта шуд.
Табдили номгузории «идеологӣ»-и бозмонда аз аҳди Шӯравӣ дар Тоҷикистон 20 сол боз идома дорад, вале то ҳол дар ину он гӯшаи кишвар метавон боз ҳам ба номҳое, чун Ленину «Съезди 22-юми КПСС» ва амсоли ин дучор шуд.
XS
SM
MD
LG