Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае як хонаводаи афғон ҳалок шуд


Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, бар асари як ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шарқи Афғонистон 8 узви як хонавода ҷон додаанд. Руҳуллоҳ Сомон, сухангӯи волии Пактиё гуфт, дар ҳамлаи шоми шанбе ба рустои Сури Халил як зану шавҳар бо шаш фарзандашон ҳалок шудаанд. Нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии НАТО гуфтанд, аз ин гузоришҳо огаҳ шудаанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд. Созмони Милал аз ҳар 10 қурбонӣ дар миёни ғайринизомиён дар Афғонистон, 8 нафари онҳо аз дасти Толибон ё ҷангҷӯёни Ал-Қоида кушта мешаванд. Аммо ҳалокати ғайринизомиён дар ҳамлаҳои хориҷиён пайваста сабаби малоли хотири Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон ва ангезандаи таниш миёни ду тараф шудааст.
XS
SM
MD
LG