Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси созмони нав барои кӯмак ба ятимон


Дар Тоҷикистон як созмони нави ғайриҳукуматиеро сабти ном карданд, ки ҳадафи он кӯмак ба ятимхонаҳо ва атфоли мӯҳтоҷ аст. Комил Арешов, муассиси созмони “Дасти ёрӣ“ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки созмон ба зудӣ дафтари худро дар Маркази “Шарқи Озод” дар шаҳри Душанбе боз хоҳад кард ва нахустин кӯмаки хайрияи онҳо ба ятимхонаҳои шарқи Тоҷикистон хоҳад буд: “Аз якум то сеюми июн ба ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргалотро меравем, ки се ятимхона доранд ва 45 нафар дар онҳо тарбия мегиранд. Мо барои онҳо либосҳои зиёде ҷамъ кардем ва мехоҳем барояшон 145 баста васоили рахти хоб бихарем.” Созмони “Дасти ёрӣ” дар заминаи гурӯҳи Кӯмак ба кӯдакони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар Фейсбук фаъол аст ва бо истифода аз ин шабака низ барои кӯдакони мӯҳтоҷ дар ятимхонаҳои Тоҷикистон кӯмак ҷамъ мекунад.
XS
SM
MD
LG