Пайвандҳои дастрасӣ

Консерти Лейди Гага дар Индонезия лағв шуд


Лейди Гага, овозхони амрикоӣ консерташ дар Индонезия, бузургтарин кишвари мусулмоннишинро ба далоили амниятӣ лағв кардааст. Баъди он ки як гурӯҳи исломгаро бо “фиристодаи шайтон” хондани Лейди Гага таҳдид кард, ки консерти ӯро ба ҳам хоҳад зад, пулиси Индонезия ба ин овозхон иҷозаи баргузории консертро надод. Қарор буд, консерт рӯзи 3 июн дар пойтахти Индонезия шаҳри Ҷакарта баргузор шавад ва барои он то кунун 50 ҳазор билет фурӯхтаанд. Баргузоркунандагонаш гуфтанд, ки пули тамоми билетҳоро бармегардонад. Консертҳои Лейди Гага, бинобар рафтору либосҳои баҳсбарангезаш дар Куриёи Ҷанубӣ, ва Филиппин низ бо ҷанҷолҳое ҳамроҳ буд.
XS
SM
MD
LG