Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Сурия ҳамла ба Ҳулоро идома дод


Артиши Сурия ҳамла бо танку тӯп ба такягоҳҳи шӯришиён дар шаҳри Ҳуларо идома дод, бо вуҷуди онки ҷомеаи байналмилал онро барои қатли 92 нафар аз ҷумла 32 кӯдак башиддат маҳкум кард. Ин ҳамлаҳо рӯзи ҷумъа ва якшанбе сурат гирифтанд ва видеои ваҳшатангези ҷасдаи кӯдакон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. Нерӯҳои Ироқ, рӯзи якшанбе ба ҳолати омодабош, даромаданд, зеро ҷанги нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён ба марзи Ироқ наздик шуд. Кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ, ҳалокати ғайринизомиён дар Ҳуларо “қатли ом” хонданд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Кофӣ Анон, фиристодаи ин созмон барои Сурия аз давлати ин кишвар хостанд истифода аз тӯпхона ва хунрезиро бас кунад. Артиши Сурияи Озод, аз шӯришиён гуфт, то дигар ба барномаи сулҳи Созмони Милал барои Сурия пойбанд нест, то замоне ки ҷомеаи байналмилалӣ алайҳи ҳукумати Сурия чора набинад. Вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи Арабро барои баррасии вазъи Ҳуло ба ҷаласаи изтирорӣ даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG