Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор сарбози хориҷиро дар Афғонистон куштанд


Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО эълом карданд, ки чаҳор сарбозашон дар бомбгузориҳои ҷудогона дар ҷануби Афғонистон кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 26 май рух додааст. Яке аз онҳо сарбози бритониё буда ва дар бар асари бархӯрди мошина ба бомбе дар наздикии вилояти Ҳилманд ҷон додааст. Айни замон вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки шаш ҷангҷӯро дар амалиётҳои муштарак дар чаҳор вилояти кишвар нобуд кардаанд.
XS
SM
MD
LG