Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Чаро ғанисозии ураниумро қатъ кунем?


Фаридун Аббоси Даввонӣ, мудири Оҷонси энержии атомии Эрон, мегӯяд, кишвараш ҳеҷ далеле барои боздоштани фаъолиятҳои барои ғанисозисозии ураниуми 20 дар садиро намебинад, ки ин як талаби аслии қудратҳои ҷаҳонӣ аз Эрон аст. Фаридун Аббоси Даввонӣ афзуд, “Эрон ба ҳадде ураниуми 20 дар садӣ тавлид мекунад, ки барои сӯхти ҳастаӣ лозим дорад.” Пештар аз ин Созмони Милал дар як гузорише гуфт, дар Эрон олудагиҳои ураниуми андаке бештар аз 20 дар сад ғанишударо пайдо кардааст. Аммо Алӣ Асғар Султония, намояндаи Эрон дар Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, ин масъаларо беаҳамият нишон дода гуфт, инҷо танҳо як “мушкили фаннӣ” будааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки пайваста Эрон рад кардааст.
XS
SM
MD
LG