Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Сурия хост ба хунрезӣ хотима диҳад


Ба думболи қатли 90 ғайринизомӣ дар шаҳри Ҳулаи Сурия, Кофӣ Анон фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои Сурия аз ҳукумати ин кишвар хост, истифода аз силоҳҳои сангин ва хушунатро бас кунад. Навори ваҳшатноки кӯдакони мурда дар ҳамлаҳои нерӯҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст ва ба гуфтаи нозирони Созмони Милал дар ин ҳамлаи рӯзи ҷумъа дасти кам 32 кӯдак ҷон додаанд. Давлати Амрико, ин амалкарди давлати Сурияро, “як нишондиҳандаи нафратангези номашрӯъ будани режими Сурия” хонд. Фаронсаву Бритониё низ амалкарди давлати Сурияро башиддат маҳкум карданд. Вазорати умури хориҷии Кувайт эълом кард, ки нишасти изтирории вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Арабро даъват хоҳад кард, “то барои хотима додан ба амалкардҳои саркӯбгарона алайҳи мардуми Сурия” чора биандешанд.”
XS
SM
MD
LG