Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футзали Осиё: Тоҷикистон - Ҷопон 1:6


Дамир Камолиддинов, сармураббии тими футзали Тоҷикистон
Дамир Камолиддинов, сармураббии тими футзали Тоҷикистон

Тими футзали Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар қаҳрамонии Осиё дар Дубай аз Ҷопон бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд. Ҷопон, ки дар даври авал бар Лубнон ҳам ғолиб омад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Тими Тоҷикистон дар даври аввал бар Тайван бо ҳисоби 6:4 пирӯз шуда буд ва ҳанӯз шонси ба даст овардани роҳхат ба даври баъдии мусобиқаро аз даст надодааст. Дар даври севуми сабқат бозигарони тоҷик бо Лубнон вориди рақобат хоҳанд шуд. Лубнон дар даври дувум бар Тайван бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард ва мисли Тоҷикистон 3 имтиёз дорад, вале аз нигоҳи таносуби голҳо Лубнон феълан дувум ва Тоҷикистон севум аст.
XS
SM
MD
LG