Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ғанисозии болотари уранро радд мекунад


Алиасғар Султония
Алиасғар Султония
Эрон гузориши СММ дар бораи ба ғанисозии уран дар сатҳи болотар даст задани донишмандони эрониро ҷиддӣ намедонад. Алиасғар Султония – сафири Эрон дар Ожонси байналмилалии назорати нирӯи атомӣ гуфт, нишонаҳои кашфшудаи урани болотар ғанишуда “як масъалаи фаннист.” Ин Ожонс рӯзи ҷумъа гуфт, дар як таъсисоти Эрон нишонаҳои урани дар сатҳи каме бештар аз 20 дарсад ғанишударо пайдо кардааст, вале ин метавонад натиҷаи иштибоҳи фаннӣ ҳам бошад. Султония матбуоти Ғарбро айбдор кард, ки масъаларо ба далоили сиёсӣ беш аз ҳадд доман мезананд. Қудратҳои ғарбӣ бар ин гумонанд, ки Эрон барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаиро дорад. Эрон инро радд мекунад. Ғанисозии уран дар сатҳи 20 дарсад барои сӯхти ҳастаӣ буда, барои сохтани силоҳ урани ғанишуда дар сатҳи 90 дарсад лозим аст.
XS
SM
MD
LG