Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду кушта ва 7 захмии тирандозӣ дар ҷануби Финландия


Як марди мусаллаҳ дар ҷануби Финландия ду нафарро кушта, 7 тани дигарро захмӣ кардааст. Пулис ин тирандози 18-соларо, ки аз болои як бом дар шаҳри Ҳивинкаа, тақрибан 50-километрии шимоли пойтахт- Ҳелсинки алайҳи издиҳом тир меандохт, боздошт кардааст. Муфаттиш Маркку Туоминен гуфт, ғарази тирандоз ҳанӯз рӯшан нашудааст: “Гузаштаи ҳамлагар тақрибан пок аст. Дар парвандаҳои пулис маълумоти зиёде дар бораи ӯ нест. Ӯ як ҷавони 18-сола аст. Мо ҳоло ба таҳқиқи гузаштаи ӯ пардохтаем.” Бар асари тирандозӣ як духтари 18-сола дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, як ҷавони ҳамсоли ӯ баъдан дар бемористон даргузашт.
XS
SM
MD
LG