Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Боку ба даври ниҳоии озмуни Eurovision


Рӯзи шанбе дар Боку, пойтахти Озарбойҷон, даври ниҳоии озмуни Eurovision доир мешавад. Ба ин даври озмуни беҳтарин таронаҳои Аврупо 26 овозхону гурӯҳҳои ҳунарӣ роҳ ёфтаанд. Ҳамасола то 100 миллион нафар дар саросари дунё Eurovision-ро тамошо мекунанд. Пулиси Озарбойҷон рӯзи ҷумъа даҳҳо эътирозгарро дар Боку боздошт кард. Давлати худкомаи Илҳом Алиев мехоҳад бо сарфи миллионҳо доллар аз Eurovision барои муаррифии Озарбойҷон ҳамчун як кишвари замонаву шукуфо истифода кунад. Аммо мухолифини ӯ талош доранд, ҳузури густардаи расонаҳои хориҷиро ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба мавридҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар истифода баранд.
XS
SM
MD
LG