Пайвандҳои дастрасӣ

Медведевро раиси Русияи воҳид интихоб карданд


Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев

Ҳизби ҳокими Русияи воҳид дар анҷуманаш бо аксарияти кулли оро сарвазир Дмитрий Медведевро ба ҷои Владимир Путин раиси ҳизб интихоб кард. Медведев, ки баъди 4 соли раҳбарӣ бар Русия ҳамагӣ 4 рӯз пеш ба узвияти ҳизби Русияи воҳид пайваст, танҳо номзад ба мақоми раиси ин ҳизб буд. Путин ба Русияи воҳид аз соли 2007 раҳбарӣ мекард, вале расман узви он набуд. Путин рӯзи 7 май ба мақоми президентӣ баргашт. Русияи воҳид дар парлумони Русия аксариятро дорад, вале зоҳиран эътибораш дар интихоботи парлумонии моҳи декабр коҳиш ёфт. Натоиҷи интихобот дар пасманзари шикоёт аз тақаллуб эътирозҳои бесобиқаеро дар Русия ба бор овард.
XS
SM
MD
LG