Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси поёнии порлумони Афғонистон рӯзи шанбе паймони мушорикати стратегӣ байни Кобулу Вошингтонро тасвиб кард.

Ин паймон барои идомаи ҳузури Амрико дар ин кишвари ҷангзада баъд аз хуруҷи нерӯҳои ҷангии хориҷӣ, ки қарор аст, то поёни соли 2014 берун кашида шаванд, роҳ мекушояд. Ба гуфтаи вакилон, танҳо чанд нафари ангуштшумор аз 249 вакили Вулусӣ Ҷирга ба ин паймон раъйи мухолиф додаанд. Паймони мушорикати стротегӣ акнун барои тасвиб ба маҷлиси болоии порлумони Афғонистон ирсол мешавад.

Ин қарордоди муҳим рӯзи 2-юми май дар Кобул аз тарафи руасои ду ҷумҳурӣ Барак Обама ва Ҳомид Карзай имзо шуда буд. Имзои қарордод дар солгарди аввали қатли раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден аз сӯи нерӯҳои вижаи Амрико дар Аббатободи Покистон иттифоқ уфтод. 10 сол пеш маҳз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр аз сӯи афроди Ал-Қоида далели вуруди нерӯҳои эътилоф ба Афғонистон ва оғози ҷанги ҷаҳонии зиддитеррор шуда буд.



Паймони мушорикати стратегӣ роҳро барои нақши дарозмуддати Амрико дар Афғонистон, аз ҷумла барои расонидани кумакҳо ва эъзоми мушовирони амрикоӣ ба ин кишвар ҳамвор мекунад. Вале ин тавофуқ, ки баъд аз чандин моҳи музокироти пурбаҳс ба даст омад, кадом шумори мушаххаси нерӯҳои амрикоиро, ки дар Афғонистон хоҳанд монд, нишон намедиҳад. Дар ҳар сурат, паймони стратегӣ ба Вошингтон имкон медиҳад, як теъдод нерӯҳояшро баъд аз хуруҷи сарбозони эътилоф дар соли 2014 низ ба хотири тамрини сарбозони афғон ва таъқиби ҷангиёни Ал-Қоида дар ин кишвар нигоҳ бидорад.

Нуктаи дигаре, ки дар паймон таъкид мешавад, ин аст, ки Амрико дунболи сохтани пойгоҳҳои низомии доимӣ дар Афғонистон нест.

Қарордод тааҳҳуди кумакҳои молии Вошингтон ба Кобул баъд аз хуруҷи 87 000 сарбозашро дар бар мегирад, вале ҳаҷми хароҷоти баъдии Амрико дар Афғонистонро мушаххас намекунад. Баъзе нукоти баҳсбарангези паймони мушорикати стратегӣ, ки метавонист сабаби рад шуданаш аз сӯи порлумон шавад, аз қабл аз матни қарордод ҳазф карда шуд. Чунин масоил, аз ҷумла таҳти назорати афғонҳо овардани амалиёти шабона болои манзилҳои машкук ва зиндонҳое, ки барои нигоҳ доштани чирикиҳои асир истифода мешуданд, ба сурати алоҳида ҳаллу фасл шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG