Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ихвон-ал-муслимини Миср ба музокироти аҳзоб


Мурсӣ ва Шафиқ - ду барандаи даври аввали интихоботи Миср
Мурсӣ ва Шафиқ - ду барандаи даври аввали интихоботи Миср
Ихвонулмуслимини Миср мегӯяд, натоиҷи шумориши то ҳол анҷомшудаи интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ ҳокист, ки ба даври дувум номзади ихвониҳо Муҳаммад Мурсӣ ва сарвазири собиқ Аҳмад Шафиқ роҳ ёфтаанд. Ихвонулмуслимин аз номзадҳо ва аҳзоби шикастхӯрда дар даври аввал даъват кард, ба манзури таъсиси мақоми ноиби раисиҷумҳур ва ташкили ҳукумати эътилофӣ гирди мизи музокирот ба ҳам биоянд. Ислом Ал-Ориён, муовини раиси ҳизбе, ки дар заминаи Ихвонулмуслимин таъсис ёфтааст, гуфт, онҳо “ба ҳамкории муштарак ба хотири ҳифзи давлат ва расидан ба аҳдофи инқилоб” бартарӣ медиҳанд. Даври дувуми интихобот рӯзҳои 16 ва 17 июн доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG