Пайвандҳои дастрасӣ

"Басо ҳастанд, қадри чашми биноро намедонанд..."


Иброҳими Исмоилзод

Иброҳими Исмоилзод

Иброҳими Исмоилзод, ҷавоне дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, дар феҳристи овозхонҳои муваффақ қарор дорад.

Иброҳими Исмоилзод, овозхони ҷавони тоҷик, ки аз нерӯи биноӣ маҳрум аст, рӯзи 25-уми май барномаи консертияшро бо номи "Дунёи меҳр" дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор кард.

Вай дар оғози сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, "як нафаре, ки аз нерӯи босира маҳрум аст, кӯшиш мекунад, миёни нафарони бино аз бисёр ҷиҳат намуна бошад. Ман ҳам талош мекунам, то корҳое анҷом диҳам, ки барои аксар намунаи ибрат бошад, чӣ аз лиҳози омӯзиш, чӣ аз нигоҳи овозхонӣ ва чӣ аз нигоҳи либос. Аз ҳамин хотир, пас аз хатми мактаб-парваришгоҳи нобиноён ва сустбинҳои ноҳияи Ҳисор ва коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барои идомаи таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов омадам."

Радиои Озодӣ: Воқеан, дар аввал намехостанд, ки Шуморо ба ҳайси донишҷӯ дар Консерваторияи миллӣ қабул намоянд. Роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ бо чанд далел, аз ҷумла мавҷуд набудани методи таълим барои афроди нобино мегуфтанд, розӣ набуданд, ки Шуморо дар қатори донишҷӯёни ин даргоҳ бубинанд. Аммо баъд аз талошҳои зиёд муваффақ шудед, ки донишҷӯи консерватория гардед. Ҳоло муносибати устодон ва дигар муҳассилон бо Шумо чӣ гуна аст?

Иброҳими Исмоилзод: "Дар Тоҷикистон барои дохил шудани одамони нобино ба мактабҳои олӣ мушкили зиёд пеш меояд. Ба гумони ман, дар кишварҳои дигар чунин монеаҳо мавҷуд нест. Нобиное, ки истеъдод дорад, чаро бояд таҳсил накунад? Нотаву мусиқиҳо бо ҳуруфи брайл ҳам мавҷуданд. Ростӣ, як чиз маро бисёр озурда мекунад, ки дар Тоҷикистон нафарони нобиноро баъзан як узви нодаркори ҷомеа медонанд. Набояд одамони имконияташон маҳдудро аз афроди солим ҷудо кард. Миёни онҳо низ истеъдодҳои фавқулода зиёданд. Дар фестивали "Ганҷи нуҳуфта" суруди "Эй дӯст"-ро, ки матни он ба қалами шоир Гулназар Келдӣ ва оҳангаш ба худи ман мутааллиқ аст, иҷро кардам. Ин ҷашнвора дар Кохи Ваҳдат баргузор шуд ва суруди иҷрокардаи ман аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд гирифт. Ин ҳам боиси ифтихори консерватория аст, ки шогирди онҳо ба чунин комёбиҳо ноил мегардад. Суруд дар бораи онҳое нақл мекунад, ки қадри чашми биноро намедонанд:

"Басо ҳастанд бо чашмони бино раҳгуманд, эй дӯст,
Зи бебории фитрат бори дӯши мардуманд эй дӯст.
Басо ҳастанд, қадри чашми биноро намедонанд,
Миёни кӯчаи ҳамвор ҳам афтону хезонанд…"



Радиои Озодӣ: Матн ва оҳангро чӣ гуна интихоб мекунед? Кӣ бештар бароятон кӯмак мерасонад?

Иброҳими Исмоилзод: "Як ҳамтақдири дигар дорам бо номи Маҳмадуллои Суннатзод, ки ҳамчунин аз қувваи босира маҳрум аст ва феълан дар коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар ду шӯъба -- Баян-аккордеон ва мусиқии омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Оҳанги бештари таронаҳои ман ба ҳамин нафар тааллуқ дорад. Баъзе аз оҳангҳоро худам эҷод мекунам. Аммо дар пайдо кардани матн душворӣ мекашам, зеро намехоҳам, ки ҳар гуна матни сабук ва харобро иҷро кунам. Аз ҳамин хотир, дер-дер сурудҳои ман пешниҳоди мухлисон мегардад. Мехоҳам дар сурудҳои ман матнҳое бошанд, ки мазмуни баланд дошта бошанд. Аз ин ҷиҳат ҳам мехоҳам барои дигар сарояндаҳои тоҷик намунаи ибрат бошам."

Радиои Озодӣ: Аввалин суруд, ки дар саҳнаи ба қавле бузург иҷро кардед, кадом буд?

Иброҳими Исмоилзод: "Шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ - "Худоё, мутрибонро ангубин деҳ" буд, ки худам оҳангашро бастааст. Ин тарона маро дар озмуни ҷумҳуриявии "Ҷавонон. Ориён. Сомониён" муаррифӣ кард, ки соли 2005 баргузор шуд."

Радиои Озодӣ: Нақшаҳои ояндаи Шумо кадоманд?

Иброҳими Исмоилзод: "Мехоҳам, консерваторияи миллиро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар ин даргоҳ ба ҳайси устод фаъолият кунам. Мехоҳам, дониши андӯхтаамро ҳам ба одамони бино ва ҳам нобино биомӯзонам. Ҳамин аст, мақсади аслии ман. Дигар эҷоди таронаҳои тоза ва баъдан ба мухлисонам пешниҳод кардани албоми сурудҳо."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG