Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони паймони Кобул бо Вошингтонро тасвиб кард


Парлумони Афғонистон паймони мушорикати стротегӣ бо Вошингтонро тасвиб кард. Ин паймон роҳро барои идомаи ҳузури Амрико дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нирӯҳои ҷангӣ то поёни соли 2014 ҳамвор мекунад. Ба гуфтаи вакилон, танҳо чанд нафари ангуштшумор аз 249 вакили Вулусӣ Ҷирга зидди паймони Кобулу Вошингтон раъй додаанд. Ин паймон, ки рӯзи 2 май дар Кобул аз сӯи руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Афғонистон Барак Обама ва Ҳомид Карзай имзо шуда буд, акнун барои тасвиб ба маҷлиси болоии парлумон ироа мешавад. Паймон ба нақши дарозмуддати Амрико дар Афғонистон, аз ҷумла барои кумакҳо ва мушовиронаш роҳ мекушояд.
XS
SM
MD
LG