Пайвандҳои дастрасӣ

Чинор Рустамова - сафири нави Ишқобод дар Душанбе


Раисиҷумҳури Туркманистон сафирони нави Ишқобод дар Беларусу Узбакистон ва Тоҷикистонро таъйин кард. Бо фармони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ба симати сафир дар Душанбе Чинор Рустамова таъйин шудааст. Интисоби сафири нав дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар роҳи рафъи буҳрони барқ ва коҳиши вобастагиаш аз воридоти маводи сӯхти Русияву Узбакистон ба ҳамкории бештар бо Туркманистон умед мебандад. Аммо то ҳол равобити онҳо дар чорчӯби ироаи кумакҳои башарӣ ба Душанбе ва як ҳаҷми ночизи табодули молу коло маҳдуд мондааст.
XS
SM
MD
LG