Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти охири БҶ дар бораи "Роғун", ихтилофи назарҳои марбут ба ин тарҳро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дод.

Бонки ҷаҳонӣ аз «ҷараён ва усули таҳқиқ»-и тарҳи нерӯгоҳи Роғун изҳори нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хост, ки «дар шакли қаноатбахш» ба ҳама «суолҳои беҷавоб» посух диҳад. Аммо дар паси парда боқӣ мондани ин «суолҳо» ба осиёби онҳое, ки Бонки ҷаҳониро абзори қудратҳои нуфузҷӯ дар минтақа ва омили боздорандаи сохтмони Роғун ба нафъи Узбакистон арзёбӣ мекунанд, оби фаровон рехт. Иддае ҳам бар инанд, ки ин ниҳоди байнулмилалӣ мухолифи манофеи миллии Тоҷикистон аст.

“Ин изҳорот як бозии ҷиддӣ аст,” – гуфт Сӯҳроб Шарипов, узви парлумони Тоҷикистон аз Ҳизби халқӣ – демократӣ. Ба ақидаи вай, агар мухолифате миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ пеш омадааст, мушкили ҳарду ҷониб аст ва набояд хилофи манофеи миллӣ ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон бошад:

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

«Бонки ҷаҳонӣ чӣ мехоҳад, номаълум аст. Ҳамаи коршиносоне, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷалб кардааст, ба як консепсия муттаҳид карда нашудаанд. Ҳар кас кӯрпаро ба сӯи худ мекашад. Ширкате, ки бо мутолеоти фанниву иқтисодӣ машғул аст, ба рӯи худ ва ширкате, ки бо масоили муҳити зист ва иҷтимоӣ машғул аст, ба рӯи худ. Ин вазъ Бонки ҷаҳониро гумроҳ мекунад. Агар усули корро онҳо имрӯз таҳти суол мегузоранд, пас то имрӯз аз рӯи кадом усул кор кардаанд. Шояд дар тарҷумаи ин изҳорот иштибоҳ рафтааст?»

Дар баробари Сӯҳроб Шарипов аксари коршиносон изҳороти ахири Бонки ҷаҳониро кӯшиши кашол додани “тарҳи иқтисодии сиёсишуда” арзёбӣ мекунанд. Аммо кадом «суолҳои беҷавоб» миёни Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон пайдо шудаанд?

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе мушкили пешомада дар ҷараёни фаъолияти 34 коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар таҳқиқи нерӯгоҳи Роғунро «сирф фаннӣ» арзёбӣ намуд. Ин манбаъ овозаҳоро дар бораи ин ки Тоҷикистонро коршиносони ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" тарк кардаанд, таъйид ва ё такзиб накард ва маслиҳат дод, ки шарҳи ин мавзӯъро аз манобеи ҳукуматӣ дастрас кунем.

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ва сарони сохтмони нерӯгоҳи Роғун масъулияти шарҳи мухолифатҳо бо Бонки ҷаҳониро ба Гурӯҳи таҳқиқоти иншооти обиву фаннии назди ҳукумати Тоҷикистон вогузор карданд.

Саидқул Қурбонов, як масъули нерӯгоҳи Роғун гуфт, салоҳияти ҳама гуна ҳамкориҳо бо гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба зиммаи ин гурӯҳ аст: «Супориш чунин аст, ки бо Бонки ҷаҳонӣ танҳо ин гурӯҳ таҳти раҳбарии Санъат Раҳимов сарукор дорад. Он коршиносон ба маҳалли сохтмон мераванд ва танҳо бо ҳамин гурӯҳ сарукор доранд.»

Аз сӯҳбат бо Санъат Раҳимов танҳо ин маълум шуд, ки бино ба созишномаи ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳама гуна иттилоъ дар мавриди ташхиси сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо мувофиқаи ду ҷониб пешниҳод мешавад. Маълум нест, сабаби чунин ношаффофӣ дар чист?

Дар ҳамин ҳол, манобеи наздик ба ҳукумат мавҷудияти мушкилоти фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро инкор намекунанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, пас аз изҳороти Узбакистон, ки дар он гуфт, ҳама гуна натиҷаи ташхиси Бонки ҷаҳониро қабул надорад ва коршиносони байнулмилалро «зархаридони» ҳукумати Тоҷикистон унвон кард, ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" хеле ҷиддӣ ба таҳқиқи нерӯгоҳ машғул аст. Ин ширкат дар таърихи 100 – солааш дар ягон тарҳ иштибоҳ накарда, бахусус намехоҳад дар тарҳи нерӯгоҳи Роғун шикаст хӯрад.

Онҳо таъйид мекунанд, ки ширкатҳо ба далоили афзудани хароҷоти худ коршиносонро муваққатан демобилизатсия ё худ ба рухсатии муваққатӣ гусел кардаанд. Мухолифатҳои «фаннӣ» -ро ин манобеъ ба ҷузъиёти таҳқиқ, аз қабили теъдоди чашмаҳо, олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои таърихии ҳудуди нерӯгоҳ, ки 44 ҳазор гектарро ташкил мекунад, марбут медонанд. Аз ҷумла ҳатто ин нукта низ барои коршиносони байнулмилал муҳим аст, ки оё сангпуштҳои ҳудуди нерӯгоҳ метавонанд то пур шудани обанбор макони худро тарк кунанд ва дар ин ҳол, ҳатто бояд суръати хурдтарин сангпушт муайян карда шавад. Ва ё барои таҳқиқи коршиносони байнулмилалӣ иттилои саҳеҳ дар бораи як ёдгории таърихии беш аз 50 – сола, ки дар ҳудуди мавриди таҳқиқ вуҷуд дорад, хеле муҳим аст ва камтарин иштибоҳ дар ин самт дастаке барои созмонҳое, ба монанди ЮНЕСКО мешавад.

Бино ба иттилои манобеи мо, таърихи таҳқиқи нерӯгоҳи Роғун ба соли 1932, замони шурӯи омӯзиши дарёҳои Тоҷикистон аз сӯи ҳукумати Шӯравӣ бармегардад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 40 ҳазор ҷилд ҳуҷҷатро ташкил медиҳад. Бархе иттилоъро, ки бо гузашти вақт такмил мехоҳанд, мутахассисони тоҷик бояд дигарбора омода ва ба коршиносони байнулмилал пешниҳод кунанд.

Нурулло Шулашов, собиқ директори сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ таҳқиқи як чунин иншооти бузургро кори содда намедонад: «Таҳқиқ чист? Ин як кори чандин сол аст. Ин шурӯъ мешавад аз геология ва ба охир мерасад бо масолеҳи сохтмонӣ, ки дар иншоот истифода мешавад. Бонки ҷаҳонӣ воқеан ҳоло мехоҳад ин таҳқиқро гузаронад, аммо ба зудӣ ва ин мӯҳлате, ки ҳаст, наметавонад. Замони раҳбарии ман масъалаи сармоягузории онҳо ҳал шуда буд. Аммо имрӯз чаро ин суолҳоро матраҳ мекунанд, ростӣ, барои ман рӯшан нест.»

Аммо оқои Шулашов ва коршиносони дигар низ бар ин фикранд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҷараёни таҳқиқро дидаву дониста кашол медиҳад, зеро таҳқиқи пурраи сохтмони нерӯгоҳ ҳанӯз дар замони шӯравӣ ду маротиба такмил шуда, шакку гумонҳои мухолифони тарҳ пурра бартараф гаштаанд.

Мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” Тоҷикистонро маҷбур карда буд, ки соли 2009 бо Бонки ҷаҳонӣ сари ташхиси байнулмилалии ин тарҳ созиш кунад.Зимни як музоядаи Бонки ҷаҳонӣ далелҳои молию фаннӣ (ТЭО) – и нерӯгоҳи Роғун ба зиммаи ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" ва санҷиши Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳ бар ӯҳдаи ширкати шветсарии "Poyry Energy" вогузор шуд. Натиҷаҳои ибтидоии ташхис мебоист охири соли 2011 омода ва имсол ниҳоӣ мешуданд. Ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ эълом кард, ки натиҷаи ташхиси нерӯгоҳи Роғун моҳи феврали соли 2013 анҷом мешавад.

Нахустин мухолифатҳои Бонки ҷаҳониву Тоҷикистон сари тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар ҷаласаи аввалини коршиносони ду ҷониб дар Алмаато ба миён омада буд.Тибқи манобеъи гуногун, он замон Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кард, ки дар оғоз асноди фанниву иқтисодии сарбанди нерӯгоҳ бо баландии 140 то 180 метр омода шавад. Ин пешниҳодро ҷониби Тоҷикистон ба зудӣ рад кард.

Баҳром Сироҷев, сарвари собиқи «Тоҷиэнерго», ҳоло «Барқи тоҷик» ва аз иштирокдорони ин ҷаласа мегӯяд, сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико ба минтақа ва изҳороти ӯ пас аз мулоқот бо сарони Тоҷикистону Узбакистон дар бораи ба ҷои нерӯгоҳи Роғун пайдо кардани ягон иншооти дигар ҳам метавонист сари фаъолияти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таъсири худро дошта бошад: «Ман ҳозир сари ҳамин масъала кор мекунам. Хулосаи ман ин аст, ки ягон нерӯгоҳи атомӣ ё бо сӯзишворӣ фаъолияткунанда ба нерӯгоҳи Роғун алтернатива шуда наметавонанд. Акнун як раҳбари Амрико, ки ин гапро гуфт, шояд инҳо корро кашол диҳанд.»

Манобеи наздик ба ҳукумат бар инанд, ки мухолифатҳои ахир далели сардии равобити Бонки ҷаҳониву Тоҷикистон нест. Онҳо ин нуктаро муҳим мешуморанд, ки тибқи низомнома Бонки ҷаҳонӣ ба ягон тарҳи баҳсноки минтақавӣ ворид намешавад. Онҳо «Эксимбонк» - и Чинро ҳам мисол меоранд, ки чунин қоидаи фаъолият дорад ва ба зудӣ аз сохтмони нерӯгоҳи Ёвон, рӯи рӯдхонаи Зарафшон пас аз норизоиятии Узбакистон даст кашид. Аммо онҳо мегӯянд, тарҳи Роғун бар пояи созишномаи соли 1972 миёни Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон сохта мешавад, ки ҳама ҷонибҳои ризоияти худро дода буданд. Соли 1992 ҳам дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон сарони Осиёи Марказӣ санаде ба имзо расонида буданд, ки тамоми созишномаҳои замони шӯравиро ҳамагӣ эътироф хоҳанд кард.

Коршиносон мегӯянд, ихтилофи назарҳои Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ бар сари тарҳи сарнавиштсоз бояд баррасӣ ва ҳаллу фасл шаванд, аммо дар ин раванд сохтмони нерӯгоҳи Роғун бидуни таъхир бояд идома ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG