Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии мунтахаби футзали Тоҷикистон бар Тайван


Дастаи мунтахаби фулзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби фулзали Тоҷикистон

Рӯзи 25-уми май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи 12-уми қаҳрамонии футзали Осиё бо ширкати 16 даста оғоз ёфт.

Мусобиқа дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи «В» дар маҷмааи варзишии «Ал-Васл» бар тими Тайван бо ҳисоби 6:4 пирӯз шуд.

Аз дастаи Тоҷикистон Аҳтам Назаров ва Алишер Улмасов дуголӣ, Шерзод Ҷумъаев ва Орзу Додхудоев якголӣ заданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози бозӣ бо чунин ҳайати панҷнафара ба майдон омад: Миралӣ Шарифов – Шерзод Ҷумъаев (капитан), Алишер Улмасов, Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон бар тими Лубнон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Ба ин тартиб Тоҷикистон ва Ҷопон 3-имтиёзӣ доранд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Ҷопон дар ҷойи дувум қарор гирифтаанд.

Инчунин то ҳоло ду бозии гурӯҳи “D” ба охир расид: Узбакистон - Кувайт – 1:1, Индонезия – Чин – 2:5.

Мунтахаби Тоҷикистон 26-уми май бо тими Ҷопон ва 27-уми май бо дастаи Лубнон рақобат мекунад.

Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ пеш аз оғози мусобиқа гуфт, «Аввалан ба мизбонон барои пазироии гарму ҷӯшон изҳори сипос менамоям. Мо омодагиро ба чемпионати Осиё як моҳ қабл дар шаҳри Душанбе оғоз карда будем. Якчанд бозии санҷишӣ анҷом додем. Мо ба ин ҷо, ба шаҳри Дубай як ҳафта пеш омадем. Дар ду бозии санҷишӣ аз тими мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Арба бо ҳисоби 0:4 шикамст хӯрдем ва баъдан бошгоҳи «Дубай полис клаб»-ро бо ҳисоби 6:1 мағлуб кардем. Мутаассифона, дар бозии охирини санҷишӣ бозигари мо Обидҷон Исмоилов лат хӯрд ва ба гумон аст,ки дар мусобиқот иштирок намояд. Дар бораи гурӯҳи худ ҳаминро гуфтаниям, ки он мураккаб аст. Табиист, ки мо барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан мубориза мебарем. Ба фикри ман мунтахаби Ҷопон ғолиби гурӯҳ хоҳад шуд. Дастаҳои дигар барои ба чаҳорякфинал баромадан шонси баробар доранд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG