Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СҲШ мехоҳад бонки худро ташкил кунад


Созмони Ҳамкории Шонгҳой гуфтааст, ки мехоҳад бонки худро ташкил кунад. Ин масъала дар мулоқоти дуввуми вазирони молия ва руасои бонкҳои марказии кишварҳои узви ин созмон дар Пекин баррасӣ шуд. Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ медиҳад, ки дар ин мулоқот намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмиллалии Пул низ ҳозир будаанд. Аз Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов-вазири молия ва Абдуҷаббор Ширинов-раиси Бонки миллии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ширкаткунандагон ташкили чунин бонк дар марҳалаи бӯҳрони молиро судманд арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG