Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Ҷӯрабек Охунов 17 соли зиндон хостаанд


Ҷӯрабек Охунов

Ҷӯрабек Охунов

Додситонии Тоҷикистон аз додгоҳ хостааст, ки Ҷӯрабек Охунов-раиси ширкати сохтмонии “Мовароунннаҳр”-ро ба 17 соли зиндон маҳкум кунад. Додситонӣ Охуновро тибқи се моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам медонад.

Охунов соли 2010 боздошт шуда буд. Вайро барои соҳибкории ғайриқонунӣ ва моли худ кардани дороии муштариён муттаҳам кардаанд. Илова бар ин, вай чанд сохтмонро ба поён нарасонидааст. Шӯҳрат Қудратов-вакили мудофеи Охунов мегӯяд, ин сохтмонҳо тибқи нақша бояд то поёни соли 2010 ба истифода дода мешуд, вале баъд аз боздоштпи раҳбари ширкат кор дар сохтмонҳо қатъ шудааст.
XS
SM
MD
LG