Пайвандҳои дастрасӣ

Олланд дар Афғонистон бо нируҳояш ва Карзай мулоқот кард


Олланд ва Карзай

Олланд ва Карзай

Имрӯз Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури нави Фаронса ғайримунтазира аз Афғонистон боздид кард, то масъалаи хуруҷи нируҳои кишвараш аз Афғонистонро баррасӣ кунад.

Олланд бо нируҳои кишвараш дар вилояти Кописо мулоқот анҷом дод ва гуфт, ки хуруҷи нируҳояшро бо паймони НАТО ва Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳамоҳанг хоҳад кард. Олланд аз Кописо ба Кобул парвоз кард ва бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот анҷом дод. Баъд аз ин мулоқот дар нишасти хабарии муштарак Карзай Фаронсаро кишвари дӯст арзёбӣ кард:


“Фаронса аз дӯстони бисёр қадимии Афғонистон аст, дар таъсиси бисёр макотиби Афғонистон кӯмак кард, 10 соли пеш дар таъсиси беҳтарин шифохона кӯмак кард, аскаронашон дар Афғонистон ба мо кӯмак карданд”.

Франсуа Олланд, ки ба тозагӣ раиси ҷумҳур интихоб шуд, мегӯяд, ки то поёни соли ҷорӣ 3 400 нафар низомиёни Фаронсаро аз Афғонистон фаро мехонад. Вале тибқи нақша нируҳои НАТО баъд аз ду соли дигар то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG