Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Туркия дар таркиши интиҳорӣ 2 кас кушта шуд


Матбуоти Туркия навиштааст, як бамгузори интиҳорӣ мошини худро бо маводи мунфаҷира пур кардааст ва мошинашро дар назди посгоҳи пулис дар шаҳраке бо номи Пинарбошии вилояти Кайсерӣ мунфаҷир сохтааст. Ба ҷуз з худаш як корманди пулис низ кушта шудааст. 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар гузаштаҳо курдҳои ҷудоихоҳ, тундравҳои исломӣ, аз ҷумла ал Қоида даст ба чунин аъмол зада буданд.
XS
SM
MD
LG