Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Токио пингвини гумшударо пайдо карданд


Пингвини гумшударо чӣ тавр пайдо мекунанд? Ин мушкили кормандони боғи вуҳуш ё ҳайвоноти Токио буд, ки пингвини худро гум карданд ва 82 рӯз дар ҷустуҷӯи он мегаштанд.

Кормандон саранҷом рӯзи ҷумъа пингвинро пайдо карданд. Вай бечораҳолона дар зери пул дар соҳили рӯдхонаи Эдо меистод.

Ин пингвини гумшуда сокинони Токиоро ба тааҷҷуб оварда буд. Панҷараҳои атрофи кӯли боғи вуҳуш баланд аст ва пингвин парвоз карда наметавонад. Гузашта аз ин ҳама суол мекунанд, ки ин пингвин чӣ тавр аз боғ фирор кардааст, дар давоми тақрибан 3 моҳи “таътил”-аш дар куҷо зистааст ва чӣ хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG