Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ромит махфигоҳи аслиҳа пайдо шудааст


Дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар дараи Мағови Ромит дар наздикии деҳаи Симиганҷ кормандони ин вазорат як махфигоҳи аслиҳа пайдо кардаанд.

Дар ин махфигоҳ як мошиндори Калашников, як мусалсали Калашников, се тапонча ва 2,5 ҳазор дона тирҳои мухталиф ба даст омадааст.

Бо вуҷуди ин, ки аз хатми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон 5 сол мегузарад, то ҳол дар минтақаҳои мухталиф махфигоҳҳои аслиҳа ошкор ва хунсо мешавад.
XS
SM
MD
LG