Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ананд Гровер бо мақомоти тоҷик вазъи беҳдоштро баҳс кард


Гузоришгари вижаи СММ Ананд Гровер бо мақомоти тоҷик мавзӯи риоят шудани ҳуқуқи мардум ба беҳдоштро баррасӣ намудааст.

Ананд Гровер, гузоришгари махсуси Созмони Милалали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе
бо муовини аввали вазири умури хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров дидору гуфтугӯ намуда, масоили марбут ба риояи ҳуқуқи мардум ба беҳдоштро матраҳ намуд.

Маҳмудҷон Собиров дар ин мулоқот таъсири сафари гузоришгарони СММ оид ба масоили ҳуқуқи инсонро дар тақвияти механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, оид ба иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи таҳия ва такмили қонунҳои марбут ба ҳуқуқи инсон маълумот дод.

Ананд Гровер бо масъули вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон масоили муҳими ҷомеа дар самти дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар соҳаи беҳдоштро дар миён гузоштааст.

Ӯ қабл аз сафараш ба Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, ки ният дорад, таваҷҷӯҳи ҳукумат, шарикон ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳалли масъалаи хизматрасонии беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунад. Ӯ ба ин назар аст, ки хароҷоти беҳдоштии мардуми ин кишвар аз се ду ҳиссаи бахши хароҷоти куллии беҳдоштро ташкил медиҳад.

Дар муддати иқомати худ дар Тоҷикистон, гузоришгари вижаи СММ талош мекунад, ки бо шахсони масъули ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон роҳҳои мубориза бо амроз, муолиҷаи бемориҳо ва ҳуқуқи башарро низ баррасӣ намояд.

Сафари Ананд Гровер бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон аз 24 то 31 май идома хоҳад кард ва ӯ сафарашро б баргузории як нишасти хабарӣ дар Душанбе ҷамъбаст хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG