Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши ҳунарҳои дастӣ дар Душанбе


Рӯзҳои 26 ва 27 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси маркази «Бохтариён», дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе, намоиши баҳории маҳсули ҳунари косибони тоҷик баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузорӣ ва ташкили чорабинии мазкур, ҳифз ва нигаҳдошти ҳунарҳои нодири мардумии тоҷик унвон мешавад. Дар ин намоиш беш аз 50 ҳунарманди маҳалӣ аз саросари кишвар, маҳсул ва эҷоди дастони худро ба фурӯш хоҳанд гузошт. Дӯстдорони ҳунарҳои мардумӣ аз ин намоишгоҳ метавонанд, армуғонҳои миллӣ, халтаҳои чармӣ, бозичаҳо, ҷавоҳирот қолин ва дигар ашёҳои рӯзгорро харидорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG