Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деян Радойкович ба Сараево истирдод шуд


Оромгоҳи қурбониёни куштор дар Сребренитса
Оромгоҳи қурбониёни куштор дар Сребренитса
Раиси пешини полиси сербҳои Боснӣ рӯзи панҷшанбе аз ИМА ба Сараево истирдод шуд. Деян Радойковичро, ки дар даст доштан дар куштори мусалмонҳо дар шаҳраки Сребренитса дар соли 1995 гумонбар мешавад, кормандони хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА ба пойтахти Боснӣ ва Ҳерсеговина оварда, ба мақомоти ҷумҳурӣ супурданд.

Бар пояи иттилои додситонӣ, Радойкович ва низомиёни зери фармонаш тақрибан 200 мусалмонро дар деҳаи Коневич Поле иҳота карда, иҷоран онҳоро ба мавзее бурданд, ки он ҷо баъдан кушта шуданд.

Соли 1999 Радойкович ва аҳли хонаводаи ӯ дар ИМА паноҳанда шуданд. Аммо
раиси пешини полиси Боснӣ барои иттилои нодуруст додан ба кормандони хадамоти муҳоҷират ба ҳабс гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG