Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони парлумони Украина муштзанӣ карданд


Нишасти Верховная Рада - парлумони Украина, ки дар он тарҳи қонун оид ба сиёсати давлатии забон баррасӣ мешуд, бар асари бархӯрду муштзанӣ миёни вакилони мухолиф ва эътилофи ҳоким мутаваққиф шуд.

Тарҳи қонунро Ҳизби манотиқ таҳия кардааст. Вакилони мухолиф талош намуданд, ки минбарро соҳиб шаванд ва аз раъйдиҳӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ҳангоми низоъ аз вакил аз Эътилофи Юлия Тимошенко осеб дид.

Бар пояи таҳри қонун, ба забони русӣ дар 13 вилояти Украина мақоми забони маҳаллӣ дода мешавад ва аммо украинӣ ягона забони давлатӣ боқӣ мемонад. Мухолифини қонун мегӯянд, ки ҳадафи аслии он - танг кардани мақоми забони украинӣ дар кишвар аст.
XS
SM
MD
LG