Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи Ратко Младич аз сар гирифта мешавад


Ратко Младич

Ратко Младич

Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ё Гаага эълом дошт, ки мурофиаи додгоҳии раҳбари пешини низомиёни сербҳои Боснӣ Ратко Младич 25 июн аз сар гирифта мешавад.

Мурофиа рӯзи 16 май баъди он мавқуф гузошта шуд, ки, ба гуфтаи додрас Алфонс Орӣ, додситонҳо дар ироаи бархе асноди парванда ба вакилони мудофеи Младич ба иштибоҳ роҳ додаанд. Ахиран додгоҳ дархости вакилони дифоъ барои то шаш моҳ мутаваққиф кардани мурофиаро рад кард.

То мавқуф гузошта шудани мурофиа додситонҳо хулосаи тафтишот оид ба куштори мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995-ро пешниҳод карданд. Ба гуфтаи онҳо, додгоҳ асноду баёнотеро зери даст дорад, ки масъули қатли тақрибан 8 ҳазор марду навраси мусалмон будани низомиёни зери фармони Младичро собит мекунанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки замони ҷанг дар Югославияи собиқ Ратко Младич ба поксозиҳои қавмӣ дар Боснӣ раҳбарӣ мекард.

Ратко Младич иттиҳоми даст доштанаш дар наслкӯшӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти низомиро рад мекунад. Дар сурати собит шудани гуноҳ ба ӯ ҳукми абад таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG