Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузориши нави Амрико дар бораи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон


Бино ба гузориши нави вазорати корҳои хориҷаи Амрико, соли гузашта дар Қазоқистон ҳуқуқи башар ба таври хашинона риоят нашудааст. Дар гузориши солонаи ин вазорат роҷеъ ба ҳуқуқи башар омадааст, “мавориди сахти нақзи ҳуқуқ ба маҳдудияти ҳақи шаҳрвандон барои тағири ҳукумати худ”, саркӯбии “озодии баён”, набуди қазовати мустақилона дар додгоҳҳо ва набуди авлавияти қонун ба вижа дар бахши мубориза бо ришвахории густарда ва беадолатӣ мушоҳида шудааст.

Дар гузориш аз рӯйдодҳои моҳи декабри соли гузашта дар Жаноазен мисол оварда шудааст, ки нируҳои интизомӣ тазоҳуроти эътирозии коргарони нафтро бераҳмона саркӯб карданд. Навъҳои дигари нақзи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон дар ин гузориш оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG