Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNFPA ба занони қурбонии хушунат кӯмак мекунад


UNFPA ё Бунёди Байналмиллалии аҳолии сайёра як ҷо бо вазорати тандурустии Тоҷикистон муассисаи кӯмак ба занони қурбонии хушунатро таъсис хоҳанд дод. Дар ин бора намояндагии ин бунёди СММ дар Душанбе бо ҷониби Тоҷикистон қарордод имзо карданд.

Тибқи ин қарордод дар Душанбеву Рашт, Ваҳдату Қурғонтеппа ва Хуҷанду Қайроқум 8 нуқта боз хоҳад шуд. То ҳол барои кӯмак ба занони ҷабрдида ба 220 нафар кормандони марказҳои беҳдоштӣ, ба вижа аз ҷумлаи занон, шеваҳои кӯмак омӯзонда шудааст.
XS
SM
MD
LG