Пайвандҳои дастрасӣ

Аксар нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ба мавзӯи парвандаи Низомхон Ҷӯраев, сармоягузорӣ ва "облава"-ро таваҷҷӯҳ кардаанд.

"НИГОҲ"

Дар матлаби "Парвандаи тақдирсӯз" ба баррасии қазияи ҷиноии Низомхон Ҷӯраев пардохтааст. Ин дар ҳолест, ки Додгоҳии олии Тоҷикистон низ ба муҳокимаи парвандаи Ҷӯраев оғоз намуд. Аммо нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки "парвандаи исфарагиҳо" барои Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ, Шерхон Салимзода, додситони кулл, Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олӣ ва Нур Нуров, додраси парвандаи "исфарагиҳо" бо чӣ меанҷомад?" Зеро ба навиштаи нашрия, "дар мурофиаи гузаштаи судӣ гапи прокуратураи генералӣ бо вуҷуди ишораҳо ба "говсуд"-и дастҷамъонаи 33 нафар "нагузашт".

"ОЗОДАГОН"

Мушкилоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро ба чолиш кашида, дар матлаби "Сармояи Тоҷикистон ба хориҷ меравад" навиштааст, дар ҳоле, ки мо интизори сармоягузори хориҷӣ ҳастем, сармоядорони худӣ Ватанро тарк мекунанд." Нашрия мушкилоти соҳибкорону тоҷирони дохилиро аз сабабҳои ин вазъ хонда ва навиштааст, "бисёре аз соҳибкорон аз ошкор кардани сармояи худ ҳарос доранд ва аз рекламаи тиҷораташон метарсанд. Чаро, ки метавонанад тиҷорати онҳоро аз дасташон гиранд." Аз сӯи дигар, ба навишати нашрия, "дар чанд соли охир вайрон кардани хонаву бозорҳо дар марказ ва навоҳии кишвар боиси ҳароси соҳибкорон низ гаштааст."

"ИМРӮЗ-НЮЗ"

Бори дигар дар бораи "облава" ва ё шеваи ҷалби ҷавонон ба Артиш матлаберо мунташир кардааст. Нашрия сарлавҳаи ин матлабро "Гурез! "Облава" омад! Садое, ки ба гӯши вазири мудофиа намерасад" гузоштааст. Нашрия аз чунин шеваи маҷбурии даъвати ниҳодҳои қудратӣ ба шиддат интиқод карда, ҳудуди 90 дарсад иҷро шудани маъракаи давъати ҷавонон ба хидмати сарбозиро зери суол гузоштааст.

"ФАРАЖ"

Дар ин робита бо таваҷҷӯҳ ба нигарониҳо аз раванди "облава" ва ё даъвати маҷбурӣ ба Артиш пешниҳод кардааст, ки "вақт аст, Тоҷикистон ба хидмати ҳарбии шартномавӣ рӯй орад." Зеро ба навиштаи нашрия, "200 марди ҷангӣ беҳ аз 100 000". Муаллифи матлаб менависад, "барои Тоҷикистон, ки иқтисодиёти заиф дорад, шарт нест, артиши бузург ва бекорхобида доштан. Беҳтар аст, агар мо ин нерӯро бо қувваҳои сарҳадӣ як намуда, сарҳадро мустаҳкамтар ҳифз кунему барои он техникаи замонавӣ дастрас намоем."

"СССР"

Мавзӯи дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро ба баррасӣ гирифта, аз он ки қотили тоҷики сарбурида дар Санкт-Петербург то ҳол ёфт нашудааст, изҳори нигаронӣ кардааст. Нашрия сабаби ин амрро ба он марбут донистааст, ки "мо нахостем, пофишорӣ накардем, то ин қотил пайдо гардад!" Нашрия навиштааст, "ба таҳқиқ мегӯям, мабод, сари хориҷие дар Душанбе аз тан ҷудо мешуд, кайҳо бомбаҳои он кишварро мешумурдем, агар қотилро дар 24 соат пайдо намекардем."

"НАҶОТ"

Дар матлабе мушкилоти ҷавонони Тоҷикистонро дар надоштани илму дониш арзёбӣ карда ва дар матлаби "Ҷавонон ва фарҳанги мутолиа" навиштааст, "илм танҳо ба воситаи мутолиа ба даст меояд. Бинобар ин, мутолиа ва хондан бояд дар ҷомеаи мо ба як фарҳанги миллӣ ва динӣ табдил шавад." Ин дар ҳоле ки ба навиштаи нашрия, "тамоми арзишҳои миллӣ ва динии мо бо мутолиа ва хондан устувор шудаанд, аммо як нофаҳмӣ ё сӯитафоҳуме сабаби дур шудани ҷавонон аз мутолиа шудааст."

"ТОҶИКИСТОН"

Дар матлаби "Шикасти ҳалқа. Оё Тоҷикистон роҳи наҷот аз фишорро пайдо кард?" бӯҳрони маводи сӯхт дар кишварро ба чолиш кашидааст. Ба навиштаи нашрия "гарчанде, ки шумораи ширкатҳои тиҷоратии воридот ва фурӯши бензин зиёд аст, вале онҳо ба ду-се нафар тааллуқ доранд ва нархи бензинро дар бозори дохилӣ дар як зина нигоҳ медоранд. Яъне, онҳо миёни худ шартномаи олигополӣ доранд." Ҳамчунин, ба навиштаи нашрия "вазорати рушди иқтисод ва савдо назоратро аз болои ин ширкатҳо дар ҷиҳати нархгузорӣ аз даст додааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG