Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нави Амнести Интернешенал нашр шуд


Гузориши нави Амнести Интернешенал ё Афви байналмиллал имрӯз ба нашр расид. Ин 50-умин гузориши созмони муътабари ҳуқуқи башари ҷаҳон ба шумор меравад. Гузориш соли 2011-ро дар бар мегирад ва он натиҷаи таҳқиқот дар 155 кишвар дониста мешавад. Маҳдудиятҳои озодии баён дастикам дар 93 кишвар ва мавридҳои шиканҷа дар 101 кишвар мушоҳида шудааст. Аксари оное, ки шиканҷа дидаанд, ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ будаанд. Гузориш аз 500 сафҳа иборат аст. Русия баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ соли гузашта бори аввал ба тазоҳуроти зиёди эътрозӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар Украинаву Молдова ва Эрон шиканҷаҳои дардовар, дар Беларусия эъдом, дар Узбакистону Туркманистон ҳамчунон мавориди нақзи ҳуқуқи башар, дар Озарбойҷон дар остонаи баргузории “Евровидение-2012” маҳдудияти озодии баён сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG