Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи душвору дарози лӯлаи газ то Ҳинд


Президентҳои Афғонистон (аз рост) Ҳомид Карзай, Туркманиситон Бердимуҳаммад Қурбонгулиев, вазири нафту гази Ҳинд. Мурлӣ Деопра ва раисиҷумҳури Покистон Осаф Алӣ Зардорӣ ҳангоми имзои қарордоди лӯлаи газ.
Президентҳои Афғонистон (аз рост) Ҳомид Карзай, Туркманиситон Бердимуҳаммад Қурбонгулиев, вазири нафту гази Ҳинд. Мурлӣ Деопра ва раисиҷумҳури Покистон Осаф Алӣ Зардорӣ ҳангоми имзои қарордоди лӯлаи газ.

Созишномаи хариди гази Туркманистон аз тарафи Ҳинду Покистон бо чандин мушкил рӯбарӯст.

Имзо шудани қарордоди интиқоли гази Туркманистон ба Покистон ва Ҳинд сохтмони лӯлаеро дар назар дорад, ки 1735 километр дарозӣ дошта, аз Туркманистон то Ҳироту Қандаҳори Афғонистон ва аз он ҷо то Мултон хоҳад расид.

Иёлоти Муттаҳида аз тарҳ ҳимоят мекунад ва қарор аст, харҷи юунёди он 7,6 миллиард долларро ташкил дода, солона 33 миллиард метри мукааби гази Туркманистонро ба Покистон ва Ҳиндустон интиқол диҳад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин лӯла ба Амрико имкон медиҳад, Эронро дар инзивоъи бештар қарор диҳад ва ба Ишқобод шароит фароҳам меорад, бозори фурӯши газашро ба манотиқи фаротар аз Русияву Чин густариш диҳад. Аммо дар роҳи ин лӯла аз Туркманистон то Ҳинд мушкили зиёду хуфтааст.

МАСИРЕ ПУР АЗ НОАМНӢ

Нооромии минтақа аз сабабҳое буд, ки имзои қарордодро 18 сол оқиб андохт ва ҳамоно як монеаи воқеист. 735 километри лӯла дар қаламрави Афғонистоне сохта хоҳад шуд, ки ҳамоно бо ошӯби Толибон рӯбарӯст. Ин ҳам дар ҳолест, ки нерӯҳои байнулмилалӣ дар садади хуруҷ аз ин кишваранд ва кам касон ба вазъи ояндаи он изҳори хушбинӣ мекунанд.

Масири лӯла ҳамчунин бояд аз вилояти ҷанубуғарбии Балуҷистони Покистон гузарад, ки дар нӯҳ соли муборизаҳои ҷудоихоҳӣ ва хушунатҳои байнимазҳабӣ дар ин ҷо ҳазорон нафар кушта шудаанд.

Мақомоти Исломобод мегӯянд, масирро тағйир дода, онро ба минтақаи нисбатан ороми паштунишин кӯчонданиянд. Вале ин минтақа ҳам аз нигоҳи амниятӣ барои лӯла муносиб нест. Дар ҳоли хуб ҳифозат нашуданаш лӯла ба ҳадафи ҷудоихоҳон ва ошӯбгарон табдил хоҳад ёфт.

РАҚОБАТҲОИ МИНТАҚАӢ

Сақиб Шеронӣ, мушовири пешини Вазорати молияи Покистон мегӯяд, бунёди лӯла ҳамчунин метавонад, бо рақобатҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мувоҷеҳ гардад.

Вашингтон, ки аз тарҳи ин лӯла, мавсум ба ТАПӢ, аз нимаи солҳои 1990 ба ин сӯ пуштибонӣ мекунад ва ахиран ба Исломободу Деҳлӣ фишор овард, ки аз гуфтугӯ бо Теҳрон сари лӯлаи газу нафти Эрон-Покистон-Ҳиндустон берун шаванд. Моҳи марти соли равон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, гуфт, Покистон, мумкин аст дар робита ба ин тарҳ аз тарафи Амрико бо “пайомадҳои тахрибгарона” рӯбарӯ гардад.

Бо вуҷуди ин, мафзояд Шеронӣ, сиёсатмадорони покистонӣ ҳамоно мумкин аст, ба тарҳи Эрон-Покистон-Ҳиндустон бартарӣ диҳанд: “Мақомоти покистонӣ зиёд сари ин баҳс мекунанд, ки то куҷо тарҳи Туркманистон амалишаванда аст. Шубҳаҳо зиёданд. Ва агар Ҳинд ҳимоят кунад, Покистон ба тарҳи Эрон бештар диққат медиҳад. Иҷрои он амалитар аст ва метавонад фурсати кам гирад.”

Дар ҳоле ки Ҳинд ва Покистон талош доранд, тиҷорати байниҳамииро густариш диҳанд, чандин бор бо ҳам ҷангидаанд ва муноқишаи марзии байни онҳо ҷараён дорад. Қатъи ногаҳонии равобити миёни онҳо метавонад, тарҳи ТАПИ-ро зери суол барад.

ПУЛ ДАР КУҶОСТ?

Бонки Рушди Осиё ТАПИ-ро “тарҳи сулҳ” номида, ёрии фаннӣ ба таҳияи он чанд миллион доллар додааст. Аммо пули ба маротиб бештар зарур аст.

Шеронӣ мегӯяд, ҳеҷ яке аз коршарикони тарҳ сармояи бузург ваъда накардаанд. Аз он ҷо ки нархҳо дар ҳоли афзоишанд, харҷи тарҳ, ки дар соли 2008 7,6 миллиард баровард шуд, ҳоло эҳтимолан ба 12 миллиард доллар баробар аст.

Баъзе аз намояндагони Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ширкатҳои бузурги энержӣ ба ин тарҳ таваҷҷӯҳ хоҳанд кард, аммо Шеронӣ шубҳа дорад. Ба ақидаи вай, сармоягузори каме омода хоҳад буд, дар тарҳе, ки аз ҳудуди Афғонистони ноором мегузарад, ширкат кунад.

ТАНОСУБИ ХАРҶУ ДАХЛ

Ҳар тарҳ ба он бастагӣ мегирад, ки фоидаи он дар муқобили хароҷот чӣ андоза хоҳад буд. Покистон ва Ҳиндустон мегӯянд, интизори инанд, ки даромади онҳо аз иҷрои тарҳи лӯлаи Туркманистон аз сармоягузорияшон бештар бошад. Ин таносуб ба нархи фурӯши газ дар дохили Ҳиндустон ва Покистон ва тавони харидории муштарӣ бастагӣ дорад.

Ва ниҳоят, ҳарчанд Афғонистон роҷеъ ба ҳамкорӣ бо Туркманистон сари ин барнома ёддошти тафоҳум имзо кардааст, амалан он узви тарҳ нест. Вақте ду тараф созишномаҳои харид ва фурӯши газро ниҳоӣ мекунанд, мушкилу монеаҳои наве ба миён хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG