Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қазоқистон 400 ҷасади дигари оҳуро пайдо карданд


Вазорати кишоварзии Қазоқистон мегӯяд, дар вилояти Кустанайи ин кишвар 400 ҷасади дигари оҳуи нодири африқоиро пайдо кардаанд. Ба ин тариқ дар як ҳафтаи ахир шумораи ҷасадҳои ёфтшудаи ин зоти оҳу ба 1000 сар расидааст. Рӯзи сешанбе мақомоти расмии Қазоқистон гуфтанд, ки 543 ҷасади оҳуро пайдо кардаанд, ки аксарияти онҳо оҳуҳои мода будаанд. Танҳо дар назди деҳаи Сорша 120 ҷасад пайдо шудааст. Сорша минтақаест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ киштии кайҳонии Русия ҳангоми интиқоли кайҳоннавардони амрикоиву русро аз Истгоҳи байналмиллалии кайҳонӣ ба он фуруд омада буд. Ҳоло иртиботи ин парвоз бо марги оҳуҳо илман асоснок нашудааст.
XS
SM
MD
LG