Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарон мегӯянд, дар ҷараёни Олимпиада наметавонанд рӯза гиранд, аммо пас аз бозгашт ҷуброн хоҳанд кард.

Бархе аз варзишгарони тоҷик, ки ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифтаанд, мегӯянд, нияти рӯзадорӣ дар дилашон ҳаст, аммо дар ҷараёни бозиҳои олимпӣ имкон даст нахоҳад дод, то онро амалӣ кунанд. Аксарияти онҳо рӯзадориро барои ҳар як фарди мусалмон фарз мешуморанд ва мегӯянд, пас аз бозгашт аз Олимпиада ҳатман ин қарзи худро ҷуброн хоҳанд намуд.

Ин дар ҳолест, ки Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд, беҳтар аст, дар ҷараёни ин сафар ва мусобиқот, ки натиҷааш барои ҳар кадом аз варзишгарони тоҷик муҳим мебошад, аз доштани рӯза худдорӣ кунанд. Зеро ҳамон тавре ки ҷаноби Раҷабалиев гуфт, "бо шиками гурусна намешавад дар майдон қувваозмоӣ кард ва пирӯзӣ ба даст овард."



Мавзуна Чориева

Мавзуна Чориева

Ӯ афзуд, "чӣ хеле ки мо аз дин хабар дорем, одам агар дар сафар бошад, метавонад, дар он ҷо рӯза нагираду омада дар макони худ рӯза дорад." Ҷаноби Раҷабалиев ҳамчунин гуфт, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои сивуми олимпӣ дар Лондон ба онҳо нома фирситоданд, то муайян бишавад, ки чанд нафар аз варзишгарони тоҷик намоз мехонанду рӯза мегиранд. "Дар сурати муайян шудани теъдоди намозхонҳо кумитаи тадорукот барояшон шароит муҳайё хоҳад намуд",-илова кард ҳамсӯҳбати мо.

Мавзуна Чориева, муштзани 19-солаи тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд намозхон аст ва рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазонро барои худ фарз медонад, вале зоҳиран имсол ин фарзро дар вақташ иҷро карда наметавонад. Зеро ӯ мегӯяд, "дар мусобиқа рӯза дошта наметавонем. Вале вақте ба Тоҷикистон баргаштам, ҳатман ин қарзамро месупорам. Ин барои як ҳар як мусалмон қарз аст. Махсусан, варзишгарон, ки аввал ба Худо бовар доранду сипас ба худ."



Парвиз Собиров

Парвиз Собиров

Парвиз Собиров, яке аз гӯштигирони номии тоҷик, ки ӯ ҳам барои сабқат ба Олимпиадаи Лондон меравад, гуфт, ин бори аввал нест, ки бо чунин ҳол рӯбарӯ мешавад. Вай мегӯяд, бар асоси тақвим онҳо рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон хоҳанд буд ва дар ин чанд рӯз рӯза хоҳад гирифт. Аммо дар ҷараёни мусобиқот наметавонад рӯзадориро идома бидиҳад. Ӯ афзуд, "баъд аз он ки мусобиқаро бомуваффақият ба анҷом расонидему ба Тоҷикистон бозгаштем, ҳатман давоми рӯзаро хоҳем гирифт."

То ҳанӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дақиқ рӯзи фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро эълон накардааст. Вале бар асоси тақвим ин рӯз ба 20-уми июл (шояд як рӯз пеш ё қафо) фаро хоҳад расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG