Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши роҳбарони варзиши ИДМ дар Минск


Алимаҳмад Мирзоев

Алимаҳмад Мирзоев

Рӯзи 23-юми май дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск конфронси байналмилалии илмиву амалӣ оид ба масоили тарбияти баданӣ ва варзиш дар кишварҳои Ҷомеаи муштаркаулманофеъ ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин ҳамоиш, ки ду рӯз идома меёбад, роҳбарони ташкилотҳои варзишии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат доранд. Тоҷикистонро Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунад.

Ҳамоиши мазкур бар асоси нақшаи чорабиниҳои ҳамкории кишварҳои ИДМ бахшида ба Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим доир шудааст. Дар кори конфронс муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия–котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун ширкат меварзад.
Ширкаткунандагони конфронс нахуст аз намоишгоҳе, ки дар Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонии Беларус бахшида ба ҷашни 75-солагии ин муассисаи таълимӣ кушода шуд, дидан карданд.

Ба ширкаткунандагони конфронс маърӯзаҳои олимони варзидаи соҳа дар бораи масоили муҳими тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва сайёҳӣ пешкаш мешаванд. Инчунин мизбонон меҳмононро бо иншооти замонавии варзишии пойтахти Беларус ошно месозанд.
XS
SM
MD
LG