Пайвандҳои дастрасӣ

28 миллион сомонӣ зарари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон


Дафтари матуботии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки бар асари боришоти чаҳор моҳи ахир дар навоҳии ин кишвар ҳудуди 28 миллион сомонӣ ба хоҷагии Тоҷикисон зарар ворид шудааст.

Ин манбаъ ба радиои Озодӣ гуфт, кумитаи мазкур расман 226 офати табииро сабт кардааст, ки дар натиҷаи он манзилҳои зист дар кӯҳдоманҳо хароб шуда, даҳҳо километр роҳҳои мошинрав, заминҳои кишт хароб шудаанд. Дар натиҷаи ҷорӣ шудани селоб чорво талаф ёфтааст ва пулҳову шабакаҳои обрасонӣ хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG