Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар Душанбе маркази нави ташхис боз кард


Кен Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон
Кен Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон
Сафири Иёлоти Муттаҳида, Кен Гросс, дар ифтитоҳи расмии Маркази ташхисии "Нурафзо" дар бемористони Қарияи Боло иштирок кард. Ин марказ ҳанӯз соли 2010 ташкил шуда, аммо ба наздикӣ дарҳои худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ин муассиса хадамоти ташхисиро бо истифода аз дастгоҳҳои томографияи компютерӣ, томографияи магнитӣ-резонансӣ ва рентгени рақамӣ фароҳам меорад.

"Нурафзо" ба таври аксарият ба ширкати амрикоии Axiom Investments тааллуқ дорад, ки он ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар кишварҳои тараққикунанда сармоягузорӣ мекунад. Зимни суханронии худ сафир Гросс иброз дошт, ки маркази ташхисии мазкур ҳамчун намунаи аълои сармоягузорӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муассисае мебошад, ки ба аҳолии маҳаллӣ манфиати назаррас меорад.

Маркази "Нурафзо" 21 коршиносони баландихтисоси маҳаллиро бо кор таъмин мекунад ва ба мизоҷони зиёде аз шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар хидмат мерасонад. Ин гурӯҳ бо сармоягузории ширкати Axiom тасмим дорад, боз панҷ маркази ташхисиро дар Суғд, Хатлон ва маҳалҳои дигари Душанбе боз намояд.
XS
SM
MD
LG