Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон дар Бухарест барандаи медали тилло шуд


Сомони Эмомалӣ Раҳмон- писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуне дар Руминия дар бахши барномасозии компютерӣ барандаи медали тилло шудааст.
Ҳоҷӣ Камол Наим Йилдирим-мудири мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки тақрибан се ҳафта қабл Сомон дар Бухарест-пойтахти Руминия дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба барномасозии компутерӣ барандаи ин ҷоиза шудааст.

Дар ин озмун шогирдони мактабҳо аз чиҳил кишвар ширкат ҷустаанд. Сомон бо барномаи худ , яъне таҳия луғат ба чаҳор забон барандаи озмун дониста шудааст.
Дар ин озмун 1200 барномаи компутерӣ пешинҳод кардаанд. Сомон 13 сол дорад ва дар синфи 7 мактаби байналмиллалии Душанбе таҳсил мекунад.
XS
SM
MD
LG